Экология хамчун илм – Мукаддимаи психология (равоншиноси) — Психология — Рефератхо — Маводхо барои хониш

Холати экология — реферат

                  Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон

     Донишгохи давлатии Хучанд ба номи  академик

                              Бобочон  Гафуров

  

Р Е Ф Е Р А Т

 

Мавзуъ:     Холати экология

 

 

Ичрокунанда:        Абдурахмонова  Махбуба

донишчуи курси I-уми

гурухи 105 «а» факултети

физика  ва техника

ихтисос: электроникаи тибби

Кабулкунанда:                     Чулиева.

 

Холати экология.

 

     Накша:

 

  1.  Предмет ва вазифаи фанни экология

 

  1.  Методхои экологияи имруза

 

  1.  Таърихи тараккиёти экология

 

 

  1.  Инкишофи устувор дар мачмуи глобалии

« Чамъият ва табиат»

 

 

  1.  Нигох доштани чамоахои табии.

 

 

 

 

 

              Предмет ва вазифаи фанни экология

 

     Экология  ( аз юнони  Oikos- хона, бошишгох, чои зист, манзил,  logos- таълимот ) илм дар бораи муносибатхои байни организмхои зинда ва мухити зист мебошад.  Мафхуми «экология»-ро аввалин маротиба олими немис биолог  Эрнест Геккел дар соли 1886 дар китоби  « Морфологияи умумии организмхо» дохил карда буд.

       Предмети асосии омузиши экология макроэкосистемахои биологи: популятсия, биосеноз, экосистема ва тагйирёбии онхо дар вохиди вакт ва фазо мебошад.

    Экология хамчун фан аз кисми биология ба вучуд омад. Лекин дар давраи хозира экология васеъ гашта, ба як катор фанхои алохида чудо шуда рафт.

   Экологияро ба биоэкология ва геоэкология таксим мекунанд.

   Биоэкология – яке аз илмхои биологи, муносибатхои организмхо байни худ ва бо мухити зистро меомузонад. Предмети омузиши биоэкология сатхи ташкилии организми, популятсиони, намуди, биосенотики, биосфер ива таъсири хамдигарии онхо бо мухити зист мебошад.

    Вазифаи биоэкология омухтани алокаи дутарафаи дар мачмуъхои организм- мухит, популятсия- мухит, чамоа- мухит, инчунин алокаи байни фардхо дар популятсия ва популятсия дар чамоа мебошад.

   Геоэкология  ( экологияи географи ё экологияи ландшафти ), шуъбаи экология ба конуниятхои экологи ба раванди географи марбут, ба экоситемахои сатхи баланди шачарави карда мешавад.

    Предмети омузиши геоэкология экосистемахои бузург- биогеотсеноз, биосфера мебошад.

   Дар таркиби геоэкология якчанд шуъбахо чудо карда мешавад.  Муносибат бо типи ландшафтхо ба экологияи тундра, даштхо, биёбонхо ва дигар ландшафтхо чудо карда мешавад.

   Экологияи амали принсипхои истифодаи окилонаи сарватхои таби ива нигох доштани мухити хаётро меомузад.

 

 

 

                 Методхои экологияи имруза.

 

  Экологияи хозира методхои гуногуни тадкикотхоро дорост. Асосаш инхо мебошад:

   Методи мушохида дар чамъовари ва тасвири далелхо ба хисоб меравад;

  Методи мукоисави ба монанд ва фаркияти объектхои омузиш асос меёбад;

   Методи таърихи рафти тараккиёти объектро меомузад;

   Методи тачриба имконият медихад, ки ходисахои табиатро дар шароити додашуда  омузад;

  Методи моделони имконият медихад, ки ходисаи нисбатан мураккаби табииро бо моделхои нисбатан содда тасвир намояд;

 

 

 

 

 

 

              Таърихи тараккиёти экология

 

  Таърихи тараккиёти экологияро шартан ба се давра таксим кардан мумкин аст:

  1.    Давраи тавлид ва поягузории экология хамчун илм  ( аз даврахои кадимтарин то миёнаи асри Х1Х).
  2.   Давраи дуюм – тасвири экология ба сохахои мустакили дониш ( аз миёнаи  Х1Х то миёнаи асри  ХХ)
  3.   Давраи сеюм – табдилёбии экология ба илмхои байнифанни  ( аз миёнаи асри  ХХ то вакти хозира).

    

   Дар давраи хозира дастовардхои экология асоси амали барои кор карда баромадани стратегияи муносибатхои хамдигарии инсоният бо табиат, истифодабарии окилона ва хифзи табиат мебошад.

  Дар давраи хозираи тараккиёти экологи дар чахон бо номхои олимони бузурги чахон ба монанди: Ю. Одум, М. Андерсен, Э. Пиака, Р. Риклефс,   М. Бигон,   Дж. Харпер,  Т. Миллер,  Б. Небел,   А.В. Яблокова,  А. Л. Яншина  ва дигарон алокаманд.

    Асоси бехбудии инсоният  дар оянда – нигох доштани гуногуншаклии биологи аст.  Устувори ва вазифанокии биосферахо бо мавчудияти гуногуншаклии чамоахо таъмин карда мешавад.

    Дар давраи хозира барои нигох доштани гуногуншаклии биологи лозим аст: хифзи пурраи ландшафтхо хамчун комплекси экосистема; кисман хифз намудани объектхои табии  хангоми нигох доштани тархи  умумии ландшафт; бунёд ва нигох доштани ландшафтхои оптималии антропогени.

   Ду шакли хифзи ландшафтхо бо марзхои мамнунъгохи ва богхои милли маълум аст.

 Мамнунъгох шакли олии хифзи ландшафтхои табии аст. Китъаи хушки ва фазои обие, ки дар асоси  тартиботи муайян гардида ва истифодаи хочагии кадоме набошад хифз намудан аст. дар мамнунъгоххо хамаи марзхои бап он дахлдор хифз карда мешавад. Дар Точикистон 4 мамнунъгоххои давлати амал мекунад:  Ромит, Бешаи палангон, Дашти Чум ва Зоркул.

      Боги милли – ин китъаи марзхое, ки барои нигох доштани табиат бо максадхои эстетики, солимгардони, илми, маъдани ва маърифати чудо карда мешавад. Дар бисёр давлатхо богхои милли шакли асосии хифзи ландшафтхо ба хисоб меравад. Дар Точикистон боги миллии точик дар маркази Бадахшон ва помир дар масохати 2,5 млн га ташкил карда шудааст.

     Парваришгох – ин китъаи марзе, ки дар якчанд сол доимо ё дар муайяни мависими ва хамасола алохидаин ё он намудхои растани ва хайвонот ё кисми комплекси табии хифз карда мешавад.

    Ёдгорихои табии – ин объекти алохидаи табиат; ахамияти илми, таърихи ва эстетикию маърифати дорад: масалан, дарахтони алохидаи бисёрсола ва дигархо.


referat911.ru

Экология ва саломатии инсон | tiroz.org

Сифати хаёти саломати ва мухити атроф

Саломатии одам хамчун намуди биосатсиали на танҳо категорияи биологи Балки нишондихандаи асосии инкишофи чамъият дониста мешавад.
Бинобар ин саломатиро хамчун боигарии чамъият на танҳо мафҳуми ичтимои балки экологи дида баромадан лозим аст. Мувофики муаянкунии Ташкилоти умумичахнии тандурсти саломати ин бехбудии вазъияти пурраи чисмони рухи ва ичтимоии одам дониста мешавад. Аз нуктаи назари ичтимоиию иктисоди саломати ин меъёри мачмуи шароитҳо ва воситаҳои чисмонию маънави чамъит барои барпокунии арзиши рухи ва модди тавсиф карда мешавад.Аммо псиҳофизиология онро хамчун дарачаи чисмони ва фикри кобилияти кории одам маънидод мекунад. Дар тадкикотҳои тиббию биологи ва саломати на танҳо аз руи нишондихандаи инкишофи чисмони ва вазифаи организм кобилияти кори ва фикри балки аз руи манбаи захиравии мутобикшави аз нишондихандаи биокимёви хармонҳо ва хусусияти иммунии одам баҳо дода мешавад.


Вазъияти одам бо якчанд аломатҳо тавсиф карда мешавад, ки мухимтаринашон инҳоянд.

1.Ба касали гирифтор шудан.

2.фавт шудан.

3.Давомнокии миёнаи хаёт.

4.Инкишофи чисмони ва рӯҳӣ.

5.Маъюбӣ.
6.Халовати псиҳологи.

7.Дарачаи некуаҳолии ичтимои.

Дар дарачаҳои гуногуни таърихи хусусан дар садсолаи гузашта нишондихандаҳои дар боло зикр шуда ба тагиротҳои микдори дучор омаданд.
Чунончи агар ибтидои асри xx сабаби асосии фавти одамон касалиҳои сирояткунанда бошад ин проблема вобаста ба мувафакиятҳои фанҳои сохаи тиб дар миенаҳои асри xx халли худро ёфт. Маълумотҳои мавчуда гувохи онанд ки дар асри xx фавти одамон аз касалиҳои сирояти 10-15 маротиба кам шуд аммо чои онро касалиҳои дилу раг ва анкологи ишгол кардааст.

Саломатии одамро ба андозаи муайян сифати хаёт муайн мекунад. Аммо то имруз меьёри муайяни аз тарафи умум кабул шудаи татрифи сифати хаёт мавчуд нест. Аввалин маротиби тавсифи умуми и махфумро олимони Швед П.Леви ва П.Андерсон дар корференсия умумии чаҳони соли 1974 дар борои чойгиршавии нуфуси аҳолии пешниҳод кардаанд. Махфуми сифати хаёт ин мачмуи шароитҳои чисмони фикри ва ичтимои дар индивидуали алохида ва гуруҳои ичтимои дониста мешавад. Ба ин хушбахти таьмин намудани талабот ва хушнудиро хам илова кардан мумкин аст. Баьзе ихтисосмандон ба замими хамаи ин кампанентҳои алохидаро ба монанди каноадбахш гардонидани талаботи хайёт ҳолати саломати шароити оилави маиши имконияти гирифтан маьлумот истикомат кардан дар табити мухиташ тоза ва имконияти саёхат карданро илова мекунанд.Дигар чабхаи проблемаи окибати бухронии экологи ба монанди вайроншавии мухити зист, ифлошавии об,хаво, ҳок ва махсулоти хуроки пастсифат мебошад,ки ба саломатии одам хатарнок аст.

2.Беморшавии аҳолии

Натичаи хамаи касалиҳоро ба се намуд чудокардан мумкин аст!
1.Сабаби асосии фавт мешавад.

  1. Ба махдуд шудани узвҳои хайёти ва маюби оварда мерасонад.
    3.Корношоямиро ба вучуд меорад, ки он ба чамьит зарари калон и иктисоди мерасонад. Мутахасисон 4 гурухи касалиҳои сироятиро мукарар карданд.

1.Сирояти рохҳои нафаскаши (сил, булузидонак, зуком)
2.Сирояти рудаҳо (дарунрави ва бо ) кубоди вируси.(гипатит)
3.Сирояти системаи хун (домана, вабо, табларза ва ғайра)

4.Сирояти пусишҳои беруна (язҳои сибири ) кузок (столбиак)
Нуктаи назари тиб ифлосшавии мухити зист омили асосии вайроншавии хусусиятҳои ирсии организм гардида метавонад. Гайр аз ин тамокукаши истифодаи нушокиҳои спирти хуроки пастсифат норасогии инкишофи чисмони метавонад боиси пайдошавии касалиҳо гардад. Умуман аз омили мухити атрофии беруна мухити дохали организм вобастааст.Омилеки ба эхтимолити инкишофи касали мусохидат мекунад ва окибати номусоид ба вучуд меорад омили хатар ном дорад.

Омилҳои хатари касалиҳои сирояти ва ғайри сирояти ба 5 гурух чудо кардан мумкин аст.

Носолимии тарзи хаёт (хуроки камгизо аз он чумла норасогии истеьмоли сафедаҳо, витаминҳо, равгани растани мевачотҳо ва сабзавотҳо фаъолияти сустии чисмони нашаманди ва ғайраҳо).

Вайроншавии хусусиятҳои исрию гинеитики организми одам.

Омилҳои номусоиди экологи (ифлосшавии хаво зиёдшави кансентратсияи моддаҳои кимиёви дар обҳои нушидани ва махсулотҳои гизоги)

Шароити номусоиди санитари гигиэни дар чои кори кормандони корҳонаҳои саноати.

Стреси псиҳологию ичтимоӣ ки дар давраи муосир ба вазияти иктисодию ичтимои вобаста аст.

tiroz.org

ЗООЛОГИЯ ХАМЧУН ИЛМ » Avasto

ЗООЛОГИЯ ҲАМЧУН ИЛМ

 

Зоология илми қадима ва фанни мустақим буда, олами ҳайвонотро меомӯзад.

Масоҳати умумии мамлакати мо — Тоҷикистон 142,3 ҳазор км: буда, олами ҳайвоноти он вобаста ба гуногунии табиаташ ниҳоят бой мсбошад.

Тоҷикистон хоки ҳосилхез, зироатҳои ғалладона, сабзавоту мева, растаниҳои техникӣ, обҳои нӯшиданиву маъданӣ ва дигар боигариҳоро дорад.

Дар ҳар як минтақаи Тоҷикистон гурӯҳҳои махсуси ҳайвоноти хурду калон, фоидарасону зараровар, ҳалолу харом, муқимию мавсимӣ, зебою оддй зиндагӣ мекунанд. Азбаски ҳама гуна хайвонот ба шароити муайяни ба худ хос эҳтиёҷ доранд, аз ҷиҳати намуд ва миқдор гуногун мебошанд. Масалан, қутос дар кӯҳистони қаҳратуни Тибету Помир ва дар доманаӣ ағбаи Зиддй зиндагӣ мекунад. Вай аз ҳеҷ гуна сардиҳо наметарсад. Ҳатто тобистони кӯҳсор салкин бошад ҳам, ба қутосҳо каме гармӣ ҳам намефорад. Бинобар ин қутосҳо бештар дар наздикии пиряхҳо ва ҷойҳои салқини дарёҳои кӯҳӣ зиста, оҳиста-оҳиста баландтар мебароянд.

Баръакси ин, говмеш, ки зодгоҳаш Ҳиндустону Ҳинду Хитой мебошад, дар иқлими сернами гарм одат карда, нағз зиндагӣ мекунад.

Шутурҳо бошанд, ба хунуки ва гармои хушк нағз тоб оварда, дар чулу биёбон худро хуб ҳис мекунанд. Дар мавзеи иқлимаш сернам умри дароз намебинанд ва насли солим дода наметавонанд.

Ба ҳаёти ҳайвонот на танҳо иқлим, балки сатҳи (релефи) замин, сифати хӯроки ғизоӣ, ҳолати хоку о, мавҷудияти паразитҳо, инчунин зиддияти байниҳамдигарӣ низ таъсир мерасонанд.

Шароити зиндагии ҳайвонот дар қитъаҷо, минтақаҳо, дараю водиҳо, аз ҷиҳати хӯрок ҳамеша як хел нестанд. Омилҳои мycбaтy манфӣ дар давоми садсолаҳо тағйир ёфта, сабаби каму зиёд ва тағйири намудҳои онҳо мегардад.

Олимон исбот кардаанд, ки дар ҷойҳои имрӯз хушкӣ миллиоҳо сол пеш баҳрҳо мавҷ мезаданд ва бо тағйир ёфтани табиат шароити зиндагӣ, олами ҳайвонот низ тағйир ёфтааст.

На зътибор гирифтан лозим аст, ки одам бо фаъолияти худ — буридану сӯзондани ҷангал, шудгор кардану кишт намудани зироат, хушконидани ботлоқҳои хурду калонмасоҳат, обёрӣ кардани биёбонҳо, ба вуҷуд овардани боғу токзорҳои обию лалмӣ то як дараҷа табиатро дигаргун сохт. Чунин фаъолияти одам тавонист, ки ба олами набототу ҳайвонот таъсири мусбат ва ё манфӣ расонад. Баъзе ҳайвонҳо ба шароити тағйирёфта мутобиқ шуданд, гурӯҳи дигар мутобиқ шуда натавониста, ҷойи худро дигар карданд ва ё аз ташнагию гуруснагӣ ва касалӣ ҳалок шуданд.

Хулоса, он олами ҳайвоноте, ки мо ҳоло мушоҳида мекунем, натиҷаи бевосита ё бавоситаи ба ҳайвонот таъсир кардани омилҳои табиӣ ва фаъолияти меҳнатии одам мебошад.

Олами ҳайвонот барои инсон ҳамеша аҳамиятнок буд, ҳаёт ва мемонад. Барон ҳамин ҳам аҷдоди мо зиёда аз 50000 сол пеш намудҳоӣ гуногуни ҳайвоноти фоиданоку зараррасони обию хушкиро медонистанд. Зеро ҳаёти одамони ибтидоӣ аз бисёр ҷиҳат ба шикор вобаста буд. Одамони ибтидоӣ аз гӯшти ҳайвонот хӯрок, аз пӯсти онҳо либос ва аз устухонашон ҳар гуна асбобҳои зарурӣ (корд, белча, сӯзан, сарнайза) тайёр мекарданд. Рудаи ҳайвонотро ҳамчун ришта барои либосдӯзӣ, тори камонғулак ва ресмони миёнбанду товбанд истифода мебурданд.

Ҳайвонотро бо роҳҳои таъқибкунии дастаҷамъӣ, бо тарзи давида доштан ва ғайраҳо шикор мекарданд.

Азбаски дар ҷамъияти ибтидоӣ хату савод набуд, одамон нақши баъзе хайвонотро (гавазн, барзагов, мамонт, каркадан, иху) дар рӯйи тахгасангҳо ё дар девори юрхии ҷойи зисташон тасвир кардаанд, ки баъзе аз онҳо то ба замони мо ҳамчун нақши ёдгорӣ боқӣ мондаанд.

 

Одамони қадим тарзи ҳаётгузаронии ҳайвоноти муҳити худро омӯхта, баъзе аз онҳоро (саг, гурба, хук, гов, гусфанд, мурғ, хачир, шутур, мурғобӣ) ром карда тавонистанд. Онҳо бо ҳайвоноти ромшуда якҷоя зиндагӣ карда, хусусиятҳои гуногуни онҳоро бештар мушоҳида карда бошанд ҳам, ин донишҳои ибтидоии номукаммал буданд. Аз он замоне, ки хат пайдо шуд, одамони саводнок доир ба ҳайвонҳои ҷудогона қайдҳои худро навиштаанд, ки ба ин бозёфтҳои таърихии халқҳои Миср, Байнаннаҳрайн,  Хитой,  Ҳиндустон, Юнон, Рим ва ғайра гувоҳӣ медиҳанд.

 

Асосгузори илми зоология, олими Юнон Арасту зиёда аз 2300 сол пеш аз ин аввалин шуда дар бораи олами ҳайвонот асар навиштааст. Зоология илми қадима буда, аз ду калимаи юнонӣ «зоо» — ҳайвон, «логос» — илм таркиб ёфтааст, яъне илм дар бораи ҳайвонот (ҳайвоншиносӣ, махлуқшиносӣ) мсбошад.

 

Намудҳои ҳайвонот дар рӯйи Замин хело гуногун аст, вале одамон дар ибтидо танҳо дар бораи ҳайвоноти ҷойи зисти худ тасаввурот доштанд. Баъд аз садсолаю ҳазорсолаҳо, яъне пас аз саёҳатҳои бузурги ҷуғрофӣ намудҳои нави ҳайвонот ба илми зоология илова шудаанд.

 

Монандии растанию ҳайвонот

Растаниҳо

Ҳайвонҳо

1. Ғизогирӣ

1. Ғизогирӣ

2. Нафаскашӣ

2. Нафаскашӣ

3. Инкишоф

3. Инкишоф

4. Афзоиш

4. Афзоиш

5. Сохти ҳуҷайравӣ

5. Сохти ҳуҷайравӣ

 

Тафовути растанию ҳайвонот

Растаниҳо

Ҳайвонҳо

1. Аз моддаҳои ғайриорганикӣ ғизо мегиранд.

1. Аз моддаҳои органикӣ гизо мегиранд (растаниҳо ё ҳайвонҳои дигарро мехӯранд).

2. Кобилият доранд, ки бо ёрии хлорофил дар равшанӣ аз гази карбонат моддаҳои органикӣ ҳосил кунанд.

2. Узвҳои харакат, системаи асаб ва узвҳои ҳиссиёт доранд.

 

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

www.avasto.tj

Экология ҳамчун илм » Avasto

Экология ҳамчун илм

Сарсухан

Табиати зиндае, ки моро иҳота кардааст, маҷмуаи нисбатан муташаккилест, ки таърихан дар чараёни эволютсияи олами органикӣ ташаккул ёфтааст. Дар табиат ҳар як намуди рустанӣ, ҳайвон ва ё микроорганизм барои худ мавқеи муайян дорад. Экология ба омузиши таъсири рустанию ҳайвон, чи фардҳои чудогона, чи аъзоёни популятсия, чамоаҳову систе¬мами экологй ва таъсири мутақобилаи онҳо бо муҳити зист, машғул аст.

 Истилоҳи экология аз ду калимаи юнонӣ: oikos- хона, манзил, ҷои зист, ва logos — илм гирифта шудааст. Экология илмест, ки муносибати набототу ҳайвонот ва микроорганизмҳоро байни худ ва бо муҳити сукунат, инчунин муноси¬бати инсонро бо биосфера меомузад. Экология муносибати мутақобилаи организмҳоро бо муҳити зист омухта, таъсири муҳитро ба сохт, фаъолият, тарзи зиндагӣ ва рафтори орга¬низмҳо таҳқиқ намуда, вобастагии онҳоро бо муҳит ва миқдори популятсияи намудҳоро муқаррар менамояд. 

Экология муносибати популятсияи намудҳои гуногунро дар чамоа, алоқаи популятсияҳо ва омилҳои муҳити абиотиро дар системаи экологӣ, таъсири онҳоро ба чои сукунат ва инкишофу ивазшавии биосенозҳоро меомузад.

 

Экология ба таълимоти эволютсионӣ, махсусан ба масъалаҳои микроэволютсия сахт вобаста аст, зеро вай ҳоди саҳои дар популятсия руйдиҳандаро таҳқиқ мекунад. Истилоҳи экологияро аввалин шуда табиатшиноси олмонй, яке аз давомдиҳандагони назарияи эволютсионии Ч.Дарвин-Э. Геккел (1834-1919), дар асари худ “Морфологияи умумии орга¬низмҳо”, соли 1866 пешниҳод кардааст. Бо назардошти у экология илм дар бораи муносибати организмҳо миёни худ ва хосиятҳои кимиёвию физикии муҳит мебошад.

 

  Маълумоти пурра дар Авасто. Хучанд +992 92 959-04-08   Як занг ва мавод дар вайбери шумо равон мекунем!  

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

www.avasto.tj

Мукаддимаи психология (равоншиноси) — Психология — Рефератхо — Маводхо барои хониш

&laquoПсихология&raquo — аз калимаи юнонц гирифта шуда, &laquoпсюхе&raquo — рух ва &laquoлогос&raquo — таълимот аст.
Объектьои илмии омузиши фанни психология инхоянд:

  1. Далелхои мушаххаси хаёти психики, ки микдоран ва сифатан ташхис карда мешаванд.
  2. Конуниятхои психологи.
  3. Маханизмхои фаъолияти психики (рух)

Умуман, объекти асосии омузиши фанни психология рух буда, психология хамчун фан конуниятхо, механизмхои инкишофи психики, чоришавии равандхои маърифати, холатхои эхсоси &ndash иродави хусусиятхои инфиродии шахсро меомузад.

I. Сохти системаи асаб ва рух.
Рух махсули магзи сар, натичаи фаъолияти мураккаби он аст.
Чузъиёти асосии ситемаи асаб бофтахои асаб ва нейронхоанд. Вазифаи онхо аз гузаронидани хаячон иборат аст.

Кисмхои системаи асаб инхоанд:
1.системаи асаби перифери
2.системаи асаби вегетативи
3.системаи асаби маркази.

Системаи марказии асаб аз 2 кисм иборат аст:
1. Майнаи сар.
2. Хароммагз.

Кисмхои асосии майнаи сар — майнаи акиб, майнаи миёна, майнаи мобайни ва майнаи пеш мебошанд.
Кисмхои мухимтарини майнаи акиб, майнаи дарозруя ва майнача мебошанд.
Майнаи дарозруя давоми хароммагзи буда, хароммагзи дар ковокии сутунмухра чойгир шудааст.
Тамоми кисмхои майна бо хамдигар алокаманд буда, фаъолияти онхо психикаи хайвонхои оли ва одамро идора мекунанд.
Аз ин чо, психикаи хайвонот ва одамро чудо мекунанд.
Алока ва мавкеи психология дар системаи илмхо.
Психология дар системаи илмхо мавкеи мустахками худро дорад.
Он хамчун фанни мустакил бо фалсафа, табиатшиноси, пешрафти илми &ndash техники, педагогика ва илмхои алока дорад ва онхо дар тараккиёту пешрафти илми психология сахми худро гузоштаанд.
II. Психология ва табиатшиноси.

Назарияхои табиатшиносон дар фахмиши механизмхои психикаи инсон пайдоиш ва ташаккули он мавкеи асосиро ишгол мекунанд.
Назарияи рефлектории И.М. Сеченов, таълимоти у дар бораи рефлексхои шарти ва коркарди минбаъдаи онхо аз тарафи шогирдонаш, инчунин тадкики ин назария аз тарафи А.А.Ухтомский, Н.А.Бернштейн, И.С.Берашвили, назарияи И.П.Павлов дар бораи системаи сигналхо асоси илмии донишхои психологиро гузоштанд.
Умуман, муваффакиятхо дар тадкики системаи мураккаби механизмхои физиологии фаъолияти психики натичаи алокаи психология бо фанхои табии аст.
Таълимоти эволютсионии Ч.Дарвин пайдоиш хам рафторхои инстинкти ва хам дар рафти хаёт ба амал ояндаро аз чихати илми асоснок карданд.
Психологияи тибби, ки дар натичаи тараккиёти фанхои психология ва тиб ташаккул ёфт, дастовардхои илми психологияро дар ташхиси беморон, сихатмандии омма ва пешгирии беморихо истифода мебаранд.

III. Шуур, сохтор ва тавсифи
психологии он.

Руҳ (психика) ҳамчун инъикоси ҳақиқат дар майнаи сари одам якчанд дараҷа (уровень) дорад.
Дараҷаи олии психика шуур аст, ки чунин сохтору тавсифот дорад:

  1. Шуур ҳамчун ҷамъбасти донишҳо дар бораи олами атроф.
  2. Худшуурнокӣ (самосознание) &ndash ҷудо карда тавонистани объект ва субъект. (&laquoМан&raquo ва &laquoМан не&raquo)
  3. Шуур ҳамчун воситаи ташаккул додани фаъолияти мақсадноки одам.
  4. Шуур &ndash ба тартиб овардани системаи муносибатҳо.

Шарти асосии ба вуҷудоӣ ва ташаккули шуур забон аст.
Дараҷаи пасти шуур бешуурӣ аст.

IV. Сохт ва принсипҳои асосии
психологияи ҳозиразамон.
Сохтори психологияи ҳозиразамонро соҳаҳои он ташкил медиҳад, ки аз рeи принсипи инкишофи психика дар фаъолият асосан чунин тавсиф дода мешавад:

  1. Ҷихати психологии инкишоф.
  2. Ҷихати психологии муносибати одам бо ҷамъият.

Принсипҳои асосии психологияи ҳозиразамон инҳоанд:

  1. Принсипи детерминизм.
  2. Принсипи ягонагии шуур ва фаъолият.
  3. Принсипи инкишофи психика ва шуур дар фаъолият.

V. Методҳои тадқиқотии психологияи
ҳозиразамон.
Методҳои психологияи ҳозиразамонро ба 2 &ndash гурeҳ ҷудо мекунанд:

  1. Усулҳои асосӣ:
    а) мушоҳида
    б) озмоиш (эксперимент)
  2. Методҳои ёрирасон:
    а) сeҳбат
    б) пурсиш (анкета)
    в) усули генетикӣ
    г) тест
    д) усули коркарди математики.

Пайдоиш ва инкишофи шуур дар филогенез.
Психика натичаи эволютсияи материя ба хисоб рафта, шаклхои психикии инъикос инхоанд:

  1. хассосият
  2. тропизмхо
  3. шаклхои инстинктии рафтор
  4. шаклхои рафтори инфироди ба даст омада
  5. рафтори окилонаи хайвонот
  6. муошират ва &laquoзабон&raquo- и хайвонот
  7. шуур

Омилхои асосии пайдоиши шуур инхоанд:
а) мухит (тагйиротхои табии)
б) мехнат (фаъолияти якчоя)

Саволхо барои мустахкамкуни:

  1. Психология чиро меомузад?
  2. Психика чист?
  3. Системаи асаб аз кадом кисмхо иборат аст?
  4. Хосияти рефлектории психика чист?
  5. Дар бораи системаи сигнали маълумот дихед.
  6. Вазифаи системаи марказии асабро нишон дихед.
  7. Шуур чист?
  8. Таркиби шуурро муайян кунед.
  9. Дарачаи пасти шуур чист?
  10. Принсипхои асосии психологияи хозиразамонро номбар кунед?
  11. Сохти психологияи хозиразамонро кушода дихед.
  12. Усулхои асосии фанни психологияро номбар кунед.
  13. Усули тести психологиро шарх дихед.
  14. Кадом шаклхои инкишофи психикаро медонед?
  15. Омилхои асосии пайдоиши шуурро номбар кунед.

7tutor.ru

Психология хамчун фан ва методи омузиши он » Avasto

Психология ҳамчун фан ва методи омӯзиши он

 

Нақша:

  1. Психология чиро меомӯзад?
  2. Аҳамияти илми психология.
  3. Аз таърихи илми психология: давраи қадим, миёна, асрҳои XYII,XYIII,XIX,XX ва муосир.
  4. Методҳои тадқиқотии психологӣ, ташхис.
  5. Саволҳо барои худсанҷӣ.

Психология чиро меомӯзад? ва ҳамияти он

Агар ба таърих назар кунем, намуди аввалини он таълимот дар бораи рӯҳ мебошад. Дар бораи пайдо-иши психология чунин ривояте мавҷуд аст. Эрот, пи-сари Афродит ба духтаре бо номи Психея ошиқ ме-шавад. Афродит аз ин бохабар гашта, бисёр хашмгин мегардад. Чунки писари Худо набояд, одами муқар-рариро дӯст медошт. Афродит мехост ҷавононро аз ҳам ҷудо кунад. Бо ин мақсад ӯ бо Психея якчанд оз-моишҳо мегузаронад, ки дар навбати худ духтарак боэътиборона аз ӯҳдаи иҷрои он озмоишот мебарояд. Ҳамаи ин дар Худоҳо таассуроти хуберо ба вуҷуд меоваранд ва онҳо ба Психея, барои иҷрои озмоишот ёрӣ мерасонанд. Эрот аз Зевс хоҳиш менамояд, ки Психеяро низ ба худогӣ қабул намоянд ва номи ӯ абадӣ гардад. Ҳамин тариқ, ошиқон якумр бо ҳам пайваст мегарданд. Барои юнониён ин ривоят рамзи классикии муҳаббати пок ва нишонаи олии ҷони одамӣ мегардад. Барои ҳамин ҳам Психея, як духтари оддӣ-ҷовид гашта, рамзи ҷони одамиро инъикос менамояд.

Калимаи психология аз юнонӣ гирифта шуда, psyche-рӯҳ, loqos-таълимот мебошад, яъне илм дар бораи рӯҳшиносист.

Психология нисбат ба илмҳои дигар бо хусусият-ҳои хоси худ фарқ мекунад. Бо психология мо ҳар вақт вомехӯрем ва объекти омӯзиши ин фан худи одам аст. Тасаввурот, эҳсосот, тафаккур, нутқ, шавқ, ҳиссиёт, хоббинӣ ва ғайра ҳамаи ин ҳолатҳои психи-кӣ мебошанд, ки онро мо аз сар мегузаронем. Психо-логия ҷаҳони субъективӣ (рӯҳӣ) ҳодисот, ҷараён ва ҳолатҳоеро меомӯзонад, ки он аз тарафи инсон до-нисташаванда ё донистанашаванда мебошад.

Яке аз мафҳумҳои устувори илми психология, ин психика аст. Ҳар як ҷисми зинда, аз он ҷумла, инсон бе муҳити беруна вуҷуд надорад. Алоқаи ҷисм бо муҳити беруна, бо ёрии системаи асаб ба вуҷуд меояд. Сохти асосии фаъолияти асаби ҷисми зинда ин рефлексҳо мебошанд, онҳо ба ангезишҳои ботинию зоҳирӣ ҷавоб мегардонанд. Чуноне, ки И.М.Сеченов тадқиқ намудааст, ҷараёнҳои психикӣ (эҳсосот,фикр, ҳиссиёт ва ғайра) қисми ҷудона-шавандаи рефлекси мағзи сар мебошад.

Психика, ин образи субъективӣ, (яъне зоҳирӣ, ки дар намуди ҷараёнҳои психикӣ) инъикоси мурак-каби олами объективист. Ҳамин тариқ, психика ҷа-ҳони ботинии шахс буда, он дар натиҷаи таъсир-расонии шахс ба муҳити беруна ва инъикоси фаъоли одам ба вуҷуд меояд. Психика на танҳо ба инсон, балки ба ҳайвонот низ хос аст. Аз ин бармеояд, ки психология на танҳо одамро, балки умумияти психикаи ҳайвонотро низ меомӯзад.

Ҳамаи мо, дар муҳити ҷамъи одамон зиндагӣ ме-кунем, фаъолият мебарем. Лекин одамон бо хусу-сиятҳои хоси худ хеле гуногун буда, аз якдигар кул-лан фарқ доранд. Ба хусусиятҳои гуногуни шахсият ваҷҳҳои рафтор, хотиру тафаккур, характеру мизоҷ дохил мешавад ва чӣ гуна бояд муносибат кард? Чӣ хел одамон ва ё наздиконро чуқур фаҳмида тавонем? Сабабҳои рафтори якдигарро надониста мо дар вақти мумомилот ба хатогиҳо роҳ медиҳем, якдигарро фаҳ-мида наметавонем, ба мухолифат даст мезанем, дӯст-ро ба душман табдил дода, муросо карда наметаво-нем. Ана он муаммое, ки психология меомӯзад.

Чуноне, ки Суқрот мегӯяд: £Худро биомӯз£. Мо бояд аввал психологияи худро омӯхта, барои барта-раф намудани хислатҳои нодурусти худ бикӯшем, худро идора карда тавонем. Сониян дар асоси он ди-гар одамонро низ омӯхта тавонем ва вобаста ба он муносибати худро муайян кунем.

Барои фаҳмидани чунин хусусиятҳо, ба мо фан-ни психология ёрӣ мерасонад, ки он барои ба мақсад ноил гаштани шахс хело зарур аст. Фанни мазкур ба ҳама зарур аст, чунки психологияи одамро омӯхта, вобаста ба он ҷараёни таълиму тарбияро ба роҳ мемонад. Ба тоҷирон зарур, ки онҳо дар рафти иҷрои фаъолияташон, психологияи муҳитро ба назар ги-рифта, қарорҳои зарурӣ қабул карда тавонанд. Хусу-сиятҳои одамонро ба назар гирифта, ба онҳо таъсир расонида, бовар кунонида тавонанд.

 

Аз таърихи илми психология:давраи қадим, миёна, асрҳои XVII-XX.

Ҳар як илм таърихи худро дорад, ки он торафт бо маводҳои навтарину тадқиқотҳои олимон ғанӣ мегардад. Аз ҷумла психология, ҳамчун илм ҳам илми қадима ва ҳам илми замонавист.

 

———————————————————————

Зинаи-1. Психология-илм, Аввалин фаҳмиши

дар бораи рӯҳ. психология зиёда аз

ду ҳазор сол пеш, ба

вуҷуд омадааст. Ҳо-

латҳои нофаҳмо, ки

дар ҳаёти одам ба

вуҷуд меомад ба рӯҳ

шаҳодат медоданд.

———————————————————————

Зинаи-2. Психология-илм,       Дар асри XVII, дар

дар бораи шуур асоси тараққиёти

илми табиатшиносӣ

ба вуҷуд омада, қо-

билияти фикрронӣ,

азсаргузаронии ҳис-

сиётро ба шуур во-

баста намуданд.

Методи асосии омӯ-

Зиш, худмушоҳида-

кунӣ қабул карда

шуда буд.

———————————————————————

Зинаи-3. Психология-илм, Ин равия дар асри

дар бораи рафтор. XX ба вуҷуд омад.

Малакаҳои психо-

логӣ ин мушоҳи-

даи назорати бево-

сита буда, рафтору

кирдор ва иртиҷои

одам ба назар ги-

рифта намешуд.

———————————————————————-

Зинаи-4. Психология-илме, Он дар асоси ма-

қонуниятҳо ва териализми диа-

механизми пси- лектикӣ ташаккул

хикиро меомӯзад. ёфтааст. Асоси он

назария инъикоси

диалектикӣ мебо-

шад.

 

а) Давраи қадим.

Аввалин фаҳмишҳо дар бораи психология бо анимизм (аз лотинӣ «анима»-ҷон,рӯҳ), ки назарияи қадима мебошад, алоқаманд аст. Анимизм чунин таълим медод, ки ҳар он чӣ, ки дар дунё мавҷуд аст, дорои ҷон мебошад. Ҷон аз тан ҷудо буда, он ҳар як предмети зинда ва ғайризиндаро идора мекунад.

Мувофиқи таълимоти Афлотун (солҳои 427-347 то милод) ҷони одамӣ, пеш аз ӯ вуҷуд дошта, он образи аҳли оламе аст. Зоҳиршавии ҷонро дар асоси гуфторҳои Афлотун дар ақл, мардонагӣ (фаҳмиши ҳозира-ирода) ва нафсоният (ваҷҳ) дидан мумкин аст.

Ақл-дар майнаи инсон, мардонагӣ-дар қафаси сина, нафсоният-бошад, дар ковокии шикам мавҷуд аст. Ягонагии ақлӣ, мардонагии босубот ва нафсоният аз умумият шабоҳат медиҳад. Афлотун чунин номгӯи ҳиссиётҳоро-қаҳр, тарс, хоҳиш, ғам, муҳаббат, рашк, ҳасад номидааст.

Таълимоти Арасту (солҳои 384-322) дар илми психология нақшаи бузурге гузошт. Ҷон мувофиқи таълимоти Арасту аз тан ҷудо набуда, балки як қис-ми тан аст ва аз он сабаб, мақсадҳои ҳаётии ӯ мебо-шад. Қувваи ҳаракатдиҳандаи рафтори одам, ҷидду ҷаҳд (фаъолнокии ботинии организм) буда, он ба ҳа-ловат ё норизогӣ алоқаманд аст. Эҳсос ва идрок ав-валин ҷараёнҳои маърифатӣ мебошанд. Арасту дар китоби худ «О душе»-ро дар асоси илми тиб ва биология навиштааст. Намуди махсуси фаъолнокии интеллектуалии инсон ақл мебошад.

 

б) Асри миёна.

Ба таъсироти динӣ нигоҳ накарда дар асри миёна дар илми психология якчанд дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷудомаданд. Дар асри миёна дар бораи хусусиятҳои анатомӣ-физиологии ҷисми организми одам, ки он яке аз асосҳои психика мебошад, маводҳои илмӣ ҷамъ мешуданд. Дар ин давра, ки асри IX-XII-ро дар бар мегирифт, хизмати мутафаккирони бузург А.Сино ҷолиби диққат аст.

Доир ба ин илм А.Сино як қатор рисолаҳо, аз ҷумла: «Рисолат-фиалқуввал инсоният ва идроки тиха», «Рисолат-фианнафс», «Рисолат-баён-ал-ҷаҳараннафс» ва ғайраро таълиф кардааст. Дар онҳо вай кӯшиш намудааст, ки бисёр зуҳуроти психикии одам ва ҳайвонотро ҳаматарафа таҳлил кунад.

Таълимоти равоншиносии А.Сино узви инки-шофи таърихии афкори психологӣ мебошад, ки таъ-лимоти гузаштаро бо оянда мепайвандад. Ҷараёнҳои психологиро аксар вақт аз мавқеи материалистӣ тафсир мекард. А.Сино фарқи ҷон ва рӯҳро муайян мекунад. Нафс (ҷон) ибтидои ғайримоддии ҳаёти психикӣ мебошад, маҷмӯаи ҳис, ирода ва хирад буда, рӯҳ бошад, асоси моддӣ ва барангезандаи нерӯи ҳаёти ҳайвон ва инсон аст. Ин дар таълимоти А.И. Сино таҷассум ёфтааст.

Мувофиқи ақоиди А.Сино, пайкар аз материя ва шакл иборат буда, шакл ин рӯҳ аст. Аз ин рӯ бароба-ри пайкари ӯ рӯҳи ғайриматериалиро эътироф меку-над. + зуҳуроти рӯҳиро ба пайкар пайваст мекунад, ки онҳоро бо шароити анатомию физиологии бадан шарҳ медиҳад. Ба ақидаи А.Сино нафси инсоният танҳо ба инсон хос аст ва ҳаёти психикӣ онро идора мекунад (фаъолияти боақлона, донишҳои ҳаматарафа ва азхудкунии мафҳумҳои муҷаррад).

Дар ақидаҳои равоншиносии А.Сино тамоюл аз нуқтаи назари ирсият фаҳмидани ҳаёти нафсонӣ му-шоҳида мешавад: олами моддӣ аз ашёи алоҳидае ибо-рат аст, ки байни худ аз рӯи зинаи инкишоф фарқ доранд, аз рӯи зинаи инкишоф ва мураккаби қатори поёнро табиати ғайризиндаи аслӣ, баъд табиати рус-танӣ, табиати ҳайвонот ва сипас инсон чун зодаи му-каммалтарин ва олӣ ишғол мекунанд.

А.И.Сино нисбат ба гузаштагонаш назарияи нис-батан коркардшуда ва таснифи навъҳои онро дода-аст. Нафси одам ду қувва–-мудрика ва омила—дорад. Қувваи мудрика ақли мудрик, қувваи омила ақли омил номида мешавад. Ақли мудрикаи инсон зинаву маҳалҳои муайяни инкишофро тай мекунад. А.Сино панҷ зинаи зерини инкишофи ақли инсонро ҷудо ме-кунад: ақли аввал ё мутлақ, яъне ақли хаюлонии бил-қувва, ақли билфеъл, ақли амалӣ, ақли мустафот, яъ-не ақли иқтибосӣ, вале бемаҳорату таҷриба (ақли билмалака) ва ақли қудсӣ. Ҳамаи ин ақлҳои номбур-даро мувофиқи гуфти А.Сино чун дараҷаи инкишофи ақли одамӣ дар ҳаёташ фаҳмидан зарур аст.

 

Психологияи назариявии асри XYII.

Аз асри XYII сар карда дар тараққиёти илми психология давраи нав сар шуд. Он ҳаёти ботинии одамро аз нуқтаи назари умумифалсафӣ дида баро-мад. Олими немис Р.Декарт (1596-1650) оид ба фар-қияти куллии байни ҷон ва тан чунин мегӯяд: «Тан табиатан мавҷудияти тақсимнашаванда аст. Ҷон қо-билияти танро ба ҳаракат медароварад». Р.Декарт асосгузори принсипи детерминизм ва назарияи реф-лексӣ мебошад. Рефлекс, ин ҷавоби организм ба таъсироти беруна аст. Ба психологияи интроспективӣ асос гузошт. + шуурро ҳамчун дониши беихтиёри субъективӣ дар вақти фикрронӣ нишон дод.

Файласуфи ҳолландӣ Спиноза (1632-1677) ҷон ва танро, яке аз сабабҳои материалӣ ҳисобид.

Файласуфи олмонӣ Г.Лейбнис (1646-1716) таъли-моти Р.Декартро дар бораи баробарии психика ва шуур инкор намуда, мафҳуми бешууриро пешниҳод намуд. Дар ҷони одам қувваи ноаёни психикӣ фаъо-лият мебарад, ки он «идроки хурд» мебошад. Аз ин-ҳо хоҳишҳои шуур ва шавқҳо бармеоянд.

 

Психологияи эмпирикӣ (асри XYIII).

Калимаи «психологияи эмпирикӣ» аз тарафи файласуфи олмонӣ Х.Волъф қабул карда шудааст, ки он дар илми психология самт гирифта принсипи ассосии он мушоҳидаи ҳодисоти амиқи психикӣ, тас-нифи онҳо ва муайян намудани қонуниятҳои он ме-бошад. Асосгузори психологияи эмпирикӣ Ҷ.Локк (1632-1704) мебошад. Ҷ.Локк ҷони одамро ҳамчун як чизи нофаъол, аммо дар навбати худ хусусияти ид-роккунӣ дошта изҳор кардааст. + қайд кардааст, ки ҷон ҳамчун як қоғази тозаест, ки дар он чизе сабт нашудааст. Дар натиҷаи таъсири ҳиссиёт ҷони одамӣ бедор гашта бо фикрҳои гуногун пур карда мешавад ва ҷараёни фикрронӣ ба вуҷуд меояд. Ҷ.Локк кали-маҳое, ки он алоқаи муваққатии ҳодисоти психикӣ мебошанд, дар психология ҷорӣ намуд. Асосгузори психологияи алоқаи муваққатӣ дар асри XYIII таби-би инглис Д.Гартлӣ мебошад (1705-1757). Мувофиқи таълимоти Д.Гартлӣ психикаи инсон оҳиста-оҳиста дар натиҷаи «қисмҳои аввалини ҳиссиёт» алоқаман-дии онҳо ба вуҷуд меояд.

 

Психология ҳамчун илми мустақил(асри XIX).

Психология дар солҳои 60-уми асри XIX ҳамчун илми мустақил шинохта шуд. Дар асоси он муассиса-ҳои махсуси илмию тадқиқотӣ, лабараторияҳо дар мактабҳои олӣ, кафедраҳо кушода шуданд. Аввалин лабараторияи тадқиқотӣ ҳамчун илми мустақили пси-хологияи физиологӣ аз тарафи олими олмонӣ В.Вун-дт (1832-1920) ташкил карда шуд, ки он аввалин

лабараторияи психологӣ буд.

Зоҳирпарастҳои (схоластҳо) олмонӣ Р.Гоклениус ва О.Кассман аввалин маротиба калимаи «психоло-гия»-ро (соли 1590) истифода намуданд.

Давомдиҳандаи корҳои В.Вундт Титченер (1867- 1927)—психологи амрикоӣ, асосгузор ва сарвари психологияи таркибӣ гашт. Титченер таркибро инт-роспексия номид, ки он мушоҳидаи субъект мебо-шад.

 

Психологияи давраи муосир.

Асосгузори илми психология дар давраи муосир И.М.Сеченов мебошад (1829-1905). Дар китоби худ «Рефлекси головного мозга» (1863) ҷараёнҳои асосии психикӣ аз ҷиҳати физиологӣ омӯхта шуданд. Нақ-шаи он ҳамчун рефлекс буда, он аз таъсироти беруна сар мезанад ва бо фаъолияти ҷавобӣ ба охир мера-сад, ки он ба намуди ҳаракат, рафтор ва нутқ зоҳир мешавад. Бо ин маънидоди худ И.М.Сеченов мехост психологияро аз ҷаҳони дохилии инсон «ҷудо» созад. Дар таърихи психологияи муосир хизмати Г.И.Чел-панов (1862-1936)-ро қайд кардан зарур аст. Бо роҳбарии Г.И.Челпанов дар Русия аввалин дониш-кадаи психологӣ кушода шуд (1912). Дар психология равияи тадқиқотро В.М.Бехтерев (1857-1927) ташкил кардааст. И.П.Павлов (1849-1936) бошад, рефлексҳои шартӣ ва алоқаи онро бо фаъолияти ҷисм тадқиқ намуд. Тадқиқотҳои ӯ дар фаҳмиши асосҳои физиологии фаъолияти психикӣ роли калон бозид.

 

 

Самтҳои асосӣ дар психологияи асри XX.

Дар аввали асри XX илми психология ба «бӯҳ-рон» дучор гардид. Психологияи амалию тадқиқотӣ аз психологияи назариявӣ дур монд, методи интро-спексия натиҷаи хуб надод, ҳақиқат чун масъалаи психикӣ муайян карда нашуд, алоқамандии ҳодисоти психикӣ ва физиологии он ҳал карда нашуд. Барои аз ин ҳолат баромадан дар якчанд мамлакатҳо мак-табҳои тадқиқотии психологӣ ба вуҷуд омаданд.

 

Бихевиаризм.

Асосгузори равияи бихевиаризм олими амрикоӣ Д.Уотсон (1878-1958) аст. Мувофиқи таълимоти бихевиаризм психология ҳамчун илм на бо шуур, на бо ҳолатҳои психикӣ, ки он ба мушоҳидаи илмӣ дастнорасанд, балки бо рафтори инсон медонад, ки ҳатто ояндаи ҷавоби инсонро ба шароити мувофиқ пешгуйӣ кард. Рафтор ин натичаи омӯзиш ё малакаи автоматишуда мебошад. Э.Толмен, К.Холл, И.Б.Скинтар, шогирдони Д.Уотсон, ба чунин хулоса омаданд, ки байни сабаб ва ҷавоби рафтор алокаи вуҷуд надорад. Уотсон, ба чунин хулоса омаданд, ки ба сабаб ва ҷавоби рафтор алоқае вуҷуд надорад. Уотсон мақсади бихевиоризмро аз маънидод наму-дани рафтори одам иборат донист. Барои ин се шарт лозим: навиштани рафтори худ, муайян намудани сабабҳои ботинии (ҷисмонӣ) ва зоҳирӣ(психикӣ), ки ба ҷисми инсон таъсир мерасонад ва конуниятҳои алокамандии сабабу рафтор аст. Тарафдорони равияи бихевиористӣ асосан қонуниятҳои онро тадқиқ намудаанд.

Барои бихевиористон рафтори инсон ва ҳай-вонот аз рӯи сохташ фарқ намекард. Онҳо раф-тори ҳайвонотро омӯхта онро ба рафтори инсон шабоҳат доданд. Инсон аз ҳайвонот бо мураккабии таассуроти рафторҳояш фарқ мекунад. Бихеовиорист бояд ҳара-катҳо, маҳорат ва малакаҳоро омӯхта дар асоси он алоқамандии қонуниятҳои омӯзишро шарҳ медод. Уотсон ҳолатҳои психикиро «функсияҳо» меномад, ки онҳо барои мутобиқ шудани организм ба муҳит роли ҳалкунанда мебозид, лекин роли ҳалкунандаи онро ӯ муайян карда наметавонист. Боз ӯ омӯзиши шуурро низ инкор кард.

Кӯшиши объективикунонии илм дар бораи рафтор нисбат ба илм дар бораи ҷон пешқадамтар буд.

 

Гешталтпсихология

Агар бихевиоризм дар Амрико ба вуҷуд омада бошад, гӯё дар Олмон аз роҳҳое буданд, ки он аз бӯҳрони халосшавӣ, яъне равияи гешталтпсихология ба фаъолият сар кард, ки он ба тадқиқотҳои психологӣ таъсири худро расонд. Агар бихевиоризм дар тараққиёти худ ба илмҳои биология ва физиология такя карда бошад, гешталтпсихология дар зери таъсироти илм-ҳои физика ва риёзӣ буд. Намояндагони ин равия олимон М.Вертгеймер, В.Келлер, К.Левин ва дигарон мебошанд. Гешталтпсихология барномаи омӯзиши психикаро аз нуқтаи назари умумияти таркиб (гешталт) пешниҳод кардааст. Гешталтпсихология бар зидди психологияи асотсиативӣ (муваққатӣ) В.Вундт ва Э.Титченер баромада, мафҳуми гешталт (аз калимаи немисӣ-намуд) дар омӯзиши таълимоти сенсорӣ, ки дар вақти ба организм омаданаш, хабарро қабул карда, эҳсосот ба вуҷуд омаданашро дастгирӣ мекард.

Мисол: гарчанде, ки дар вақти мусиқанавозӣ эҳсосоти гуногунро ба вуҷуд оварад, ҳам он ҳамчун якхела шинохта мешавад. Тафаккур низ ҳамон хел          

маънидод карда мешавад: он аз назораткунӣ, таркиби ҳолати муаммовии ҳаракат, ки ба ҳамин талабот мувофиқат мекунад, фаҳмида мешавад (В.Келлер). Хизмати тарафдорони гешталтпсихология дар он аст, ки онҳо мафҳуми психологии образро кор карда баромада, ба ҳолатҳои психикӣ муносибати система-нокро тасдиқ карданд.

 

Таҳлили психологӣ.

Дар психологияи назариявӣ ва амалӣ (соли 1896 равияи нав) таҳлили психологӣ пайдо шуд. Асосгу-зори ин равия рӯҳшиноси австрягӣ З.Фрейд (1856-1939) аст. Тадқиқоти худро ӯ ҳамчун физиолог гуза-ронида, ба хулоса омад, ки таъсири муносибати физиологӣ нисбат ба тараққиёти психикӣ нокифоя аст ва системаи таҳлили ҳаёти ботинии инсон омӯхтанро пешниҳод намуд, ки он психоанализ ном гирифт.

З.Фрейд дар психология якчанд мавзӯъҳои асо-сиро дохил кард, ба монанди ваҷҳи бешуурона, меха-низми муҳофизати психикӣ, роли шаҳват дар он, таъ-сири осебҳои психики бачагона дар арафаи синни балоғатрасӣ мебошанд. Шогирдони З.Фрейд, К.Хор-ни, Г.Салливен, Э.Фромм (неофрейдистон) табиати бешуури психики инсонро бо шароитҳои иҷтимоӣ алоқаманд менамуданд.

 

 

 

Психологияи асри XX.

Дар инкишофи илми психологияи асри XX саҳми

Олимони барҷаста калон аст. Л.С.Виготский (1896-1934), А.Н.Леонтъев (1903-1979), А.Р.Лурия (1902-1977) ва П.Я.Галъперин (1902-1988).

Л.С.Виготский мафҳум дар бораи вазифаҳои олии психикӣ ҳамчун ҷараёни махсуси одамӣ ва асосгузори таърихи мадании тараққиёти психики инсон мебошад.

А.Н.Леонтъев якчанд тадқиқотҳои таҷрибавӣ гузаронид, ки он механизмҳои ташаккулёбии функсияҳои олии психикиро дар сохти психикии инсон исбот намуд.

А.Р.Лурия ба соҳаҳои нави илми психология, нейропсихология асос гузошт.

П.Я.Галъперин ҷараёни психикиро (аз идрок то тафаккур) ҳамчун фаъолияти муайяни субъект исбот кардааст. П.Я.Галъперин бо фикру ақидаи ташаккули зинагии ҳаракати ақлӣ (образҳо, мафҳумҳо) машҳур гаштааст.

 

Методҳои тадқиқотии психологӣ, ташхис.

Методҳои тадқиқотӣ дар психология мувофиқи таълимоти Ананъев ба чор гурӯҳ тақсим карда шуданд:

  1. ташкилӣ-он аз методи муқоисавӣ (муқоисаи синну сол, фаъолият ва ғай.) лонгитюдӣ (тадқиқи бисёркарата дар муддати дурудароз), методи комплексӣ (дар тадқиқот намояндагони дигар илмҳо иштирок мекунанд) иборат аст.
  2. эмпирикӣ-мушоҳида ва худмушоҳида, методҳои тадқиқотӣ, методҳои ташхисӣ-психикӣ (тестҳо, анкетаҳо, пурсиш, сотсиометрия, сӯҳбат, мубоҳиса).
  3. коркарди маводу рақамҳо: методи оморӣ ва сифати (тафриқаи маводҳо ба гурӯҳҳо, таҳлили он) мебошад.
  4. тафсир методи генетикӣ ва структуравӣ мебошад.

 

Методҳои асосии тадқиқотҳои психологие, ки барои ҷамъи ахбороти аввалин истифода бурда мешавад

Методҳои асосӣ

Вариантҳо

Мушоҳида

Зоҳирӣ (мушо-ҳида аз дигар тараф). Ботинӣ (худму-шоҳидакунӣ).

Озод.

Намунавӣ. Ботинӣ.

Пурсиш.

Даҳонӣ.

Хаттӣ.

Озод.

Намунавӣ.

Тестҳо.

Тест-пурсиш

Тест-вазифа

Тест-лоиҳавӣ

Тадқиқот.

Табиӣ.

Лабараторӣ.

 

 

Методҳои таҷрибавӣ (эмпирикӣ).

Мушоҳида (зоҳирӣ) методи мақсаднок, система-нок буда, зоҳири психики шахс қайд карда мешавад. Худмушоҳида (интроспексия)-мушоҳидаи одам аз болои ҳолатҳои зоҳирии психики худ.

 

Методҳои тадқиқотӣ.

Тадқиқот аз мушоҳида бо он фарқ мекунад, ки тадқиқотчӣ фаъолона ҳамроҳ шуда дигаргуниҳои ба амал омадаро қайд мекунад.

Тадқиқотию лабараторӣ дар шароити сунъи бо истифодабарии воситаҳои техникӣ (бо назорати қатъӣ) гузаронида мешавад.

Тадқиқотию табиӣ-тадқиқотест, ки объект ноаён ба фаъолият ё муошират ворид карда мешавад.

Тадқиқотию ташаккулдиҳанда ин методи тадқи-қотӣ ва ташаккули ҷараёни психикие, ки ба ҳолат ва ё сифатҳои шахсӣ таъсир мебахшад.

 

Методҳои ташхисӣ-психикӣ (психодиагностика).

Санҷиш-системаи донишҳое, ки дараҷаи инкишофи сифату хусусияти алоҳидаи шахс муайян карда мешавад.

Санҷишҳои ноилшавӣ-дар шахс дараҷаи азхудкар-даи донишҳо, малака ва маҳорат муайян карда мешавад.

Санҷиши ақлӣ (интеллектуалӣ)-дараҷаи ақлии индивид муайян карда мешавад.

Санҷишҳои шахсиятӣ-барои муайянкунии хусу-сиятҳои гуногуни шахсияти индивид лозим.

Санҷиши лоиҳавӣ-ҷамъи методҳое, ки умумияти шахсият омӯхта мешавад.

Саволнома-воситае, ки барои ба даст даровардани аввалин ахбороти иҷтимоию психологӣ дар асоси гуфтугӯи умумӣ, бо воситаи саволу ҷавоб гузаронида мешавад.

Сотсиометрия-барои муайян намудани муносибат-ҳои байнишахсӣ ва мавқеи шахс дар гурӯҳ истифода бурда мешавад.

Мусоҳиба-методи психологияи сотсиалӣ буда, ба саволҳои пешин тартибдодашуда ҷавоб гирифта мешавад.

Сӯҳбат-методе, ки бо воситаи муомилоти нутқи ахборотӣ-психологӣ ба даст оварда мешавад.

 

 

Саволҳо барои худсанҷӣ:

  1. Илми психология чиро меомӯзад?
  2. Ҳолатҳои психикиро номбар кунед?
  3. Психикаи инсон ва рӯҳ оё ҳарду яканд?
  4. Аҳамияти омӯзиши психология аз чӣ иборат аст?
  5. Мактабҳои психологии асри XX-ро номбар кунед?
  6. Таълимоти Афлотун ва Арасту дар бораи рӯҳ чӣ гуна аст?
  7. Фаҳмиши равоншиносии А.И.Сино чӣ гуна аст?
  8. Методҳои тадқиқотӣ-психологӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо карда шудааст?
  9. Кадом методҳои ташхисӣ-психикиро медонед?

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

www.avasto.tj

Экология – Страница 2 – InfoPage.Tj- База знаний Таджикистана!

Тараккиёти босуръати илми-техники на ин ки диккати олимони сохаи зистшиносиро ба биосфера хамчун мухити зисти организмхои зинда, балки дигар сохахои илм (риёзи хукук, этика, фалсафа ва гайра) ва чамъиятро ба худ чалб кардааст. Хар сол майдони зиёди чангалзорхо нест карда шуда, чойи чамоахои организмхои табииро сунъи иваз мекунад ва баъзе намудхои хайвонхои як вактхо микдорашон хеле зиёдбударо то нести меоранд. (далее…)

Мухимтарин раванди геодинамики, ки ба холати мухити табии таъсир мекунад сарчашмаи худро аз таъсири фаъолияти инсон ва холати табии огоз менамояд. (далее…)

Бояд донист,ки экология дониш бунёди аст ва он ахамияти калон дорад. Агар ахли чомеа, хар як фард мухим будани ин фанро хис кунад ва донад, конунҳо, ифодаҳо ва истилохҳои онро омузад, он гох метавонад мавкеи инсонро дар мухити зист муайън созад ва рохҳои олидаи истифодаи оки лонаи захираҳои табииро муайян намояд. (далее…)

Мувофики маълумотҳои мавчуда дар байни ифлоскунандаиҳои кимиёвии барои саломатй бештар хатарнок чой якумро металҳо вазнин, карбогидритх, нитратҳо, нитропайвастагиҳо, санглох, пестисидҳо, мегиранд. (далее…)

Саломатии одам хамчун намуди биосатсиали на танҳо категорияи биологи Балки нишондихандаи асосии инкишофи чамъият дониста мешавад. Бинобар ин саломатиро хамчун боигарии чамъият на танҳо мафҳуми ичтимои балки экологи дида баромадан лозим аст. (далее…)

Тасодуфӣ нест, ки ҳоло ба масъалаҳои муҳити зист олимон диққати махсус медиҳад. Бо ибрози таносуби экологӣ, экосистема, бўҳрони экологӣ, фалокати экологӣ на танҳо олимони соҳаи фанҳои табиатшиносӣ, балки ҳодимони давлатию сиёсӣ, кормандони ҳоҷагӣ низ машғуланд. (далее…)

Аз дарсҳои гузашта маълум шуд, ки муҳит, яъне мавқеи ҷойгиршавии организм, ки бавосита ё бевосита ба инкишоф, афзоиш ва паҳншавии он таъсир мерасонад, дар навбати худ аз унсурҳои зиёди табиӣ ва сунъи иборат аст. (далее…)

Тартиби муайяни пайвастани хелҳои гуногуни ба ҳам алоқаманди регистрҳои баҳисобгирӣ, сохт ва усулҳои қайди баҳисобгириро шакли баҳисобгирии муҳосиби меноманд. (далее…)

Навъи мушаххаси материя ё энергияро, ки дар ҷараёни меҳнату фаъолияти инсон истифода мешавад, сарвати та-бий меноманд. Навъҳои гуногуни канданиқои фоиданок, обу ҳок, ҳаво, наботот, ҳайвонот, энергияи Офтоб, энерги-яи нафту газ, ангиштсангу каъри атом аз кабили сарватҳои табиианд. (далее…)

Ҳамбастагии инсону табиат бебаҳс аст. Ҳисси эстети-киву дӯстдории наботот, эҳсоси фараҳмандӣ аз бӯи муат-тари гулҳо, ба сарв нисбат додани маҳбуба ва гайра ифодаи манбаи ғизои маънавӣ будани табиатанд. Вай илҳомбахши эҷодкорон аст. Дар ибораи «Замин -Модар» ҳастии инсон ғунҷидааст. Вале ба ивази ҳама ин неъматҳо фақат дӯст доштани Ватан кофӣ нест. (далее…)

infopage.tj